Ройгон шудани таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи кишоварзии Иркутскии Русия
-
Ройгон шудани таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи кишоварзии Иркутскии Русия
Бо имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти донишгоҳи кишоварзии шаҳри Иркутскии Русия таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин маркази омӯзишӣ ройгон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин санади ҳамкориро Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Олег Рипирски, раиси донишгоҳи кишорварзии Иркутскии Русия дар Душанбе имзо карданд.
Дар ин тавофуқ таъкид шуда аст, ки донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳи Русия аз ҳисоби будҷети ҳукумати ин кишвар, ройгон таҳсил кард ва хобгоҳ ва ғизо ва маъоши онҳо низ таъмин хоҳад шуд.
Ҳукумати Русия ҳамасола наздик ба як ҳазор донишҷӯи тоҷик бурсияи таҳсили ройгон ихтисос медиҳад.
Теъдоди донишҷуёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд наздик ба 20 ҳазор нафар ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Пардохти кумакпулӣ ба шаҳрвандони афғонистонии донишҷӯ дар Тоҷикистон
- Тоҷикон савумин гурӯҳи пуртеъдоди донишҷӯ дар Қирғизистон