Вокуниши расмии Тоҷикистон ба марги муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8341-Вокуниши_расмии_Тоҷикистон_ба_марги_муҳоҷирони_кории_тоҷик_дар_Русия
Ҳукумати Тоҷикистон ба марги дилхароши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия расман вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 23, 2016 12:23 Asia/Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон ба марги дилхароши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия расман вокуниш нишон дод.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз мақомоти Русия хостааст, омилони ин ҳодисаи маргбор муҷозот шаванд. 7 нафар аз шаҳрвандони тоҷик чанд рӯз пеш дар минтақаи Тюмени Русия бар асари вуқуи оташсӯзӣ ҷони худро аз даст доданд.