Март 31, 2022 20:48 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Тоҷикистон ба тарҳи интиқоли маҳсулоти кишоварзии АвруОсиё

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия мавзуи пайвастани Душанбе ба тарҳи интиқоли фаврии маҳсулоти кишоварзӣ ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Алифтино Крилова, яке аз масъули ин тарҳ эълом кард, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ин тарҳ, замони интиқоли маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кӯтоҳ ва ҳазинаҳои ҳамлу нақл низ коҳиш хоҳад ёфт.

Вай бо ишора ба муомилоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва Русия дар соли 2021 ба арзиши молии 300 миллион доллар эълом кард, ки заминаи афзоиши ин нишондод вуҷуд дорад.

Ба далели пайвастани Узбакистон ба ин тарҳ, ронандагони тоҷикистонӣ метавонанд маҳсулоти кишоварзии ин кишварро то роҳи оҳани Узбакистон мунтақил кунанд.

Дар идома ин маҳсулот тавассути қатор ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мунтақил хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон эълом кардаанд, ба таври озмоишӣ интиқоли маҳсулоти кишоварзии ин кишвар дар чорчӯби тарҳи фаврии содирот ба қаламрави АвруОсиёро оғоз хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп