Апрел 03, 2022 09:21 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон аз сар гирифта шуд .

Аз шанбе 2 апрели соли ҷорӣ пас аз ду сол танаффус ба далели густариши вируси корона ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон аз сар гирифта шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Абдулҳаким Тоҳиров, яке аз масъулони ширкати " Осиё экспресс " гуфт : Ҳаракати автобусҳо дар масирҳои Душанбе – ТирмезушанбеДеҳнав ва Панҷакент – Самарқанд аз 2 апрели соли ҷорӣ аз сар гирифта  шуд .
Вай афзуд : Пештар ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд - Тошканд - Хуҷанд низ аз сар гирифта шуда буд .
Ба гуфтаи вай нархи билет барои ҳар мусофир дар масири 250 километрии Душанбе – Тирмез 130 сомонӣ аст.
Ӯ афзуд : Ин мизон дар масири Душанбе – Деҳнав, ки 107 километр аст 55 сомонӣ муқаррар шудааст, аммо мусофирони масири Панҷакент – Самарқанд бояд барои тай кардани роҳ 40 сомонӣ пардохт кунанд .

Абдулҳаким Тоҳиров гуфт : Нархи билет барои мусофирони масири Хуҷанд - Тошканд 100 сомонӣ таъйин шудааст .
Вай ҳамчунин аз роҳандозии масирҳои ҷадиди интиқоли мусофирон тавассути автобусҳои ин ширкат дар моҳи мубораки Рамазон ба Қазоқистон ва Русия хабар дод .

 

Барчасп