Коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон
Коршиносони Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо пешбинӣ карданд дар паи буҳрони Украина рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, бар асоси пешбинии коршиносони ин бонк имсол рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 3 дарсад хоҳад расид.
Далели коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистони дар соли ҷорӣ коҳиши арзиши рубли русӣ ва маоши коргарони муҳоҷир дар Русия унвон мешавад .
Гуфта мешавад,ки мизони даромади ирсолии афрод ба Тоҷикистон дар соли 2021 баробар бо 27 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон будааст .
Омили дигари коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши қимати сухти воридотӣ аз Русия ва Қазоқистон хоҳад буд .
Бо ин ҳол коршиносони Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо муътақиданд,ки дар соли 2023 бо пушти сар гузоштани пайёмадҳои буҳрони Украина рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 5 дарсад хоҳад расид .