8 миллиард сомонӣ - арзиши тарҳҳои дар ҳоли иҷро дар вилояти Хатлон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i83584-8_миллиард_сомонӣ_арзиши_тарҳҳои_дар_ҳоли_иҷро_дар_вилояти_Хатлон
Мақомоти вилояти Хатлон эълом карданд, 368 тарҳи умронӣ дар минтақа дар дасти иҷро аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 04, 2022 09:44 Asia/Dushanbe
  • 8 миллиард сомонӣ - арзиши тарҳҳои дар ҳоли иҷро дар вилояти Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон эълом карданд, 368 тарҳи умронӣ дар минтақа дар дасти иҷро аст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, то кунун 62 тарҳ аз маҷмуи ин пружаҳо иҷро шудааст, ки баробар бо 15,6 дарсад аз барномаи таъйиншуда аст.

Вай ба бозсозии ду фурудгоҳи вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ишора кард, ки акнун парвозҳои рафту баргашт ба шаҳрҳои Русия дар он барқарор аст.

Бо иҷрои тарҳи бозсозии ин ду фурудгоҳ, ки шомили харид ва насби таҷҳизот, тавсеаи бонди фурӯди ҳавопаймоҳо ва беҳбуди хадамот ба мусофирон мешавад, миллионҳо сомонӣ харҷ шудааст.