Апрел 04, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Паноҳанда шудани 5 ҳазор шаҳрванди афғонистонӣ ба Тоҷикистон

5 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон, ки пас аз тасаллути гуруҳи Толибон ба Тоҷикистон паноҳанда шуданд, бояд ҳар моҳ иқомати муваққати худро тамдид кунанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки ба далоили амниятӣ ва ҳифзи ҷони ин афрод барои онон корти иқомати муваққат содир шудааст.

Намояндагони созмони мудофеи ҳуқуқи башарии “Инсон ва адолат” низ эълом карданд, дар ҳоли ҳозир имкони эътои паноҳандагӣ ба афғонистониҳои муқим дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ширинбек Давлатшоев, аз масъулони ин созмон мегӯяд, ба тамоми идороти давлатии Тоҷикистон бахшнома шудааст, ки аз эътои паноҳандагӣ ба афғонистониҳо худдорӣ шавад.

Ӯ афзуд, ҳамчунин агар ин паноҳандагон ҳар моҳ иқомати муваққати худро тамдид накунанд, ба пардохти ҷарима ва ихроҷ аз Тоҷикистон маҳкум хоҳанд шуд.

 

Барчасп