Азсаргирии парвозҳои ширкати Сибири Русия ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 04 Apr 2022 15:42:33 GMT )
Апрел 04, 2022 20:42 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳои ширкати Сибири Русия ба Тоҷикистон
    Азсаргирии парвозҳои ширкати Сибири Русия ба Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймоии Сибири Русия парвозҳои рафту баргашти худаш ба Тоҷикистонро аз сар гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик,  ин ширкати русӣ ки аз рӯзи 5 марти соли ҷорӣ парвозҳои хеш ба Тоҷикистонро мутавақиф карда буд, рӯзи 3 апрел дубора интиқоли мусофиронро аз Тоҷикистон ва баракс оғоз кард.

  • Дар нахустин парвози ин ширкат аз Хуҷанд ба Маскав ва Душанбе ба Новосибирски нархи билет барои ҳар мусофир 190 доллар муъодили 2 ҳазор 491 сомонӣ таъин шуда аст.
  • Аз рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ низ парвози ҳавопаймоҳои ин ширкати русӣ аз шаҳри Бохтари Тоҷикистон оғоз мегардад. Ин дар ҳоле аст, ки ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон муҷавизи анҷоми парвоз дар ҳафта ба Русияро дарёфт кард.

Гуфта мешавад, ки нархи билет барои ҳар мусофир дар ин ширкат аз Тоҷикистон ба Русия 300 евра муъодили 4 ҳазору 313 сомонӣ ва баргашт 130 евра муъодили 1 ҳазору 869 сомонӣ мебошад.

Қаблан мақомоти созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон аз таъаҳуди мудирони ширкатҳои ҳавопайпоӣ барои қимат накардани нархи билет дар масири Тоҷикистон ва Русия хабар дода буданд.