Боздиди намояндагони Тоҷикистон аз дафтари намояндагии ду ширкати ҳавопаймоии олмонӣ
(last modified Wed, 06 Apr 2022 06:03:13 GMT )
Апрел 06, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Боздиди намояндагони Тоҷикистон аз дафтари намояндагии ду ширкати ҳавопаймоии олмонӣ

Теъдоде аз намояндагони бахшҳои моливу хадамотии Тоҷикистон аз дафтари намояндагии ду ширкати ҳавопаймоии алмонӣ боздид карданд.

Гурӯҳи муташаккил аз масъулони “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” –и Тоҷикистон дар сафар ба Олмон бо фаъолияти дафтари намояндагии ширкатҳои “Airbus” ва “Euler Hermes” дар Олмон ошно шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин сафар ба ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Берлин бо ҳадафи густариши ҳамкории бонкҳо ва ширктҳои олмонӣ бо Тоҷикистон анҷом шуд.

Ин гуруҳ дар дидор бо мудирияти ширкати “Airbus Operations GmbH” дар Ҳамбурги Олмон мавзуи хариди ҳавопаймоҳои мусофирбариро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар дидор бо мудирияти ширкати олмонии “Euler Hermes” дар бораи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои ҳамлунақли олмонӣ баҳсу табодули назар шуд.