Эътои нахустин ҷоизаҳои синамои миллии Тоҷикистон
Дар Театри Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими эътои нахустин ҷавоизи синамои миллии Тоҷикистон мавсум ба “Тоҷи Сомон” баргузор шуд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар ин маросим барандагони беҳтарин филмҳое, ки тайи 3 соли ахир дар Тоҷикистон тавлид шудаанд, мушаххас ва ҷоизаҳои хешро дарёфт карданд.
Ҷоизаи беҳтарин филмнома ба Некрӯз Ҷалилиён барои филми “Сарборӣ” эъто шуд.
Ҳамчунин пӯёнамоии “Лаклаки табиб” ба коргардонии Муҳиддин Сулаймонӣ унвони беҳтарин осор дар ин риштаро ба даст овард.
Ҳайати доварон барандагони беҳтарин нақши зану мард ва созандагони беҳтарин филмҳои мустанад ва кӯтоҳро низ интихоб карданд.
Ҷоизаи синамои миллии Тоҷикистон ахиран бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва студияи “Тоҷикфилм” ба нафароти бартар дар бахши синамо ва театр эъто мешавад.
Ин ҷоиза мавсум ба “Тоҷи Сомон” ҳар сол ба ҳунармандони беҳтарин филмҳои тавлидшуда дар Тоҷикистон дар фасли баҳор эъто хоҳад шуд.