Апрел 06, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти таҳсили донишҷӯёни тоҷик

Як мактабхон аз Восеъ дар якозмуни байналмилалӣ медали тиллоро соҳиб шудааст ва ба Лондон меравад.

Омина Худойқулова як мактабхони 14-сола аз ноҳияи Восеъ  дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гшудааст.

Омина хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ  буда, дар даври ниҳоии олимпиада, ки аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел» — и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

 хабар медиҳад, ки ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, ширкаткунандагоне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат бигиранд.