Ноябр 24, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби созишномаи ҳамкории гумрукӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Давлати Русия созишномаи ҳамкории байнидавлатии гумрукӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши сойти иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Русия, Владимир Путин- раисиҷумҳури ин кишвар ахиран созишномаи ҳамкории гумрукӣ бо Тоҷикистонро имзо кард.

Бар асоси ин созишнома, дафтарҳои намояндагии Хадамоти гумрукии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин созишнома ҳанӯз дар таърихи 23 сентябри соли 2015, дар дидори ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, ки акнун ба тасвиби давлати Русия расид.

Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз ин созишнома баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои гумрукии дуҷониба барои танзими ҳаракати мусофирон ва коло миёни Русия ва Тоҷикистон, дарёфти саҳеҳи пардохтҳои гумрукӣ, ифшосозӣ, таҳқиқ ва ҷилавгирӣ аз нақзи муқаррароти гумрукӣ унвон мешавад.

Дар созишномаи ҳамкории гумрукӣ миёни Русия ва Тоҷикистон таъкид шудааст, ки кормандони дафтарҳои намояндагии Хадамоти гумрукии ду кишвар ва аъзои хонаводҳои онон, бар асоси қавонини байналмилалӣ аз дахлнопазирии додгоҳӣ ва дигар имтиёзоти мутааллиқ ба кормандони сафоратҳо ва ниҳодҳои дипломатӣ бархӯрдор мебошанд.