Мулоқоти сафири Қазоқистон бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Apr 2022 05:48:41 GMT )
Апрел 07, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Валихон Турахонов нусхаи  устуворномаи худро ба Содиқ Имоми муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард
    Валихон Турахонов нусхаи устуворномаи худро ба Содиқ Имоми муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард

Сафири Қазоқистон дар Душанбе устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Валихон Турахонов нусхаи  устуворномаи худро ба Содиқ Имоми муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Дар ин дидор дутараф  дар бораи сатҳи феъли ва дурнамоии густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон баҳс ва табодули назар карданд.

Ҳамчунин тавофуқ шуд, ки ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамоише баргузор шавад.

Сафири ҷадиди Қазоқистон дар Тоҷикистон қаблан дар масъулиятҳои мухталиф дар сафоратхонаҳои Қазоқистон дар Узбакистон ва Русия фаъолият кардааст.

 

Бештар бихонед: