52 доллар саронаи тавлиди маҳсулоти санъатӣ дар Тоҷикистон
Саронаи тавлиди маҳсулоти санъатии Тоҷикистон дар 2 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба 660 сомонӣ (муодили 52 доллар) расидааст.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, бар асоси омори эъломи Созмони давлатии омори Тоҷикистон, ҷамъияти кишвар ба 9 миллиону 900 ҳазор нафар расида, ки бар ин асос саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ аз тавлиди маҳсулоти санъатӣ таи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ 660 сомонӣ аст.
Дар ин муддат арзиши тавлиди маҳсулоти санъатии Тоҷикистон беш аз 6 миллиарду 273 миллион сомонӣ (502 миллион доллар) эълом шудааст.
Алиминюм, семент, нахи пахта, маъдан ва фузалоти рангӣ муҳимтарин маҳсулоти санъатии содироти Тоҷикистон ба хориҷ аз оғози имсол буд.
Ба далели набудани имкони фаровари бештари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон, ин ақлом ба шакли хом ва нима хом ба хориҷ содир мешвад.
Бештар бихонед: