Мулоқоти сафири Фаронса бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Apr 2022 10:44:10 GMT )
Апрел 07, 2022 15:44 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Фаронса бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва сафири Фаронса дар хусӯси мубориза бо тероризму ифротгароӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Рамазон Раҳимзода бо Мишел Тарон дар мавриди масоили ҳамкории дуҷониба аз ҷумла мубориза бо тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ гуфтугу шуд.

Дар ин мулоқот тарафайн пешниҳодоти судманде дар бора мубориза бо таҳдидоту чолишҳои навин, ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ ва пешгириву муборизаи ҷамъӣ дар ин замина ироа карданд .
Дар ин дидор тарафайн омодагии худро барои тавсеъаву густариши бештари ҳамкориҳо эълом карданд .