Апрел 08, 2022 16:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 13 дарсадии теъдоди нафақахурон дар Тоҷикистон
    Афзоиши 13 дарсадии теъдоди нафақахурон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон теъдоди нафақахурон дар панҷ сол 13.5 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши "Ховар", теъдоди нафақахурон дар Тоҷикистон дар панҷ сол 13.5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт: То январи соли 2022 теъдоди кулли нафақахурон дар кишвар ба 749 ҳазору 800 нафар расид.

Вай афзуд: Миёнгини синни шаҳрвандони Тоҷикистон ба тадриҷ дар ҳоли бештар шудан аст ва дар 10 соли гузашта ҳудуди 1.7 сол афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп