Тақвияти равобити омӯзишӣ ва илмӣ - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон
Апрел 08, 2022 16:33 Asia/Dushanbe
Дар дидори вазирони маориф ва илми Тоҷикистон ва Узбакистон тавсеа ва тақвияти равобити ду кишвар дар заминаи омӯзиш ва илм баррасӣ шуд.
Ба гузориши "Форс", Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҷомеа бо Абдулқодир Тошқулов, вазири маорифи Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор тавсеа ва тақвияти равобити байни ду кишвар дар заминаи омӯзиш ва илм баррасӣ шуд.
Дар ин мулоқот ба расмият шинохтани ҳуҷҷатҳои муассисаи омӯзиши олӣ ва эҷоди гуруҳи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Бухоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тарафайн дар бахши дигар ҳамчунин мавзуоти сохти донишкадаҳо ва шуъбаи муассисаҳои омӯзиши олии ду кишвар ба сурати баробар дар қаламрави якдигарро баррасӣ карданд.