Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Беларус
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i83990-Мулоқоти_сафири_Тоҷикистон_бо_муовини_вазири_умури_хориҷаи_Беларус
Сафири Тоҷикистон дар Минск бо муовини вазири умури хориҷаи Беларус дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 11, 2022 10:13 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Беларус

Сафири Тоҷикистон дар Минск бо муовини вазири умури хориҷаи Беларус дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин дидор нишасти ояндаи Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар Минск баррасӣ шуд.

Ҳамчунин Муҳаммадшариф Ҳақдод ва Игор Назарук вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобит байни Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ карданд.

Баргузории понздаҳумин нишасти Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ аз дигар мавзӯоти матраҳшуда дар ин дидор буд.

 

Бештар бихонед: