Апрел 12, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистону Миср

Тоҷикистону Миср дар мавриди табодули иттилоот ва таҷрибиёт дар заминаи обу обёрӣ гуфтугӯ карданд.

Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо Муҳаммад Абдулатӣ, вазири манобеи обу обёрии кишвари мизбон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор мавзуоти ҳамкории ду кишвар дар заминаи обёрӣ аз ҷумла табодули иттилоот ва таҷрибиёт дар ин замина баҳсу баррасӣ шуд.

Ду тараф бо ишора ба лузӯми мутолиаи таҷрибиёти якдигар, нисбат ба густариши ҳамкориҳо ибрози алоқа карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп