Апрел 12, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас набудани саҳмияи зоирони тоҷик барои сафар ба Арабистони Саъудӣ
    Мушаххас набудани саҳмияи зоирони тоҷик барои сафар ба Арабистони Саъудӣ

Сухангуи Кумитаи дин ва маросим дар Тоҷикистон гуфт: Саҳмияи зоирони Тоҷикистон барои анҷоми маносики ҳаҷи имсол мушаххас нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Афшин Муқим гуфт: Ҳануз мушаххас нест, ки Арабистон чи теъдод саҳмия барои Тоҷикистон ихтисос медиҳад ва дар сурати дарёфти даъватнома мавзуъ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ масъулон ва коркунони Кумитаи дин ва баргузории маросим дар Тоҷикистон муқадимоти эъзоми ҳаҷро аз соли 2020 анҷом доданд ва саҳми тахсисёфта аз зоиронро ба мақомоти шаҳристонҳо ва бахшҳо ирсол карданд.

Муқим афзуд: Ҳануз ҳазинаи сафари зоирон ба Арабистони Саъудӣ мушаххас нашуда аст.

Қабл аз густариши бемории корона ҳазинаи сафари ҳаҷи таматуъ дар Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ муъодили 3700 доллар буд.

 

Барчасп