Равобити гардишгарии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Тоҷикистон
Апрел 14, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
-
Тарафайн дар хусӯси тавсиаи равобити дуҷониба дар ҳавзаи гардишгарӣ табодули назар карданд
Ҷумҳурии Озарбойҷон хостори густариши ҳамкори бо Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ аст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавофуқ карданд, ки қарордоди тавсиаи пойдор, бештар ҳамкори дар заминаи гардишгарӣ эҷод ва имзо кунанд.
- Кумитаи тавсиаи гардишгарии Тоҷикистон бо интишори ин матлаб таъкид кард, ин мавзӯъ дар дидор ва гуфтугӯи Тоҷиддин Ҷуразода раиси Кумитаи гардишгарӣ ва Алимирзамин Гаввам Уғлӯ Аскаров сафир Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон барраси шуд.
Тарафайн дар хусӯси тавсиаи равобити дуҷониба дар ҳавзаи гардишгарӣ табодули назар карданд.
Тарафи озарбойҷонӣ бо ибрози алоқа ба тақвияти ҳамкориҳо дар тавсиаи ҳавзаҳои мухталифи гардишгарӣ хотирнишон кард, ки баргузории рӯйдодҳои муштарак ба тавсиаи гардишгарӣ кумак мекунад.
Бештар бихонед:
-
Паёми табрики раисиҷумҳури Озарбойҷон ба раиси Ҷумҳури Исломии Эрон
-
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Барчасп