Апрел 16, 2022 21:02 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар пайи афзоиши содироти симент ба 2 миллион тонна
    Тоҷикистон дар пайи афзоиши содироти симент ба 2 миллион тонна

Тоҷикистон қасд дорад то соли 2024 ҳаҷми содироти симентро ба 2 миллион тонна бирасонад.

Ба гузориши арзёбии шохисаҳои асосии иқтисоди калони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024  рушди солонаи содироти симент дар ҳаҷми 200 ҳазор тонна пешбинӣ шуда аст, то он замон қарор аст ҳаҷми тавлиди ин навъ маҳсулоти сохтмонӣ ба 7 миллион тонна афзоиш ёбад.

Бахши саноъати Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ҳар сол бар теъдоди зарфиятҳои тавлидӣ ва ҳаҷми тавлидии симент афзуда мешавад, аммо ҳамзамон бо рушди тавлид тақозои дохилӣ барои ин маҳсули сохтмонӣ бештар мешавад.

Тамоми тақозои дохилӣ барои симент ба истиснои сименти рангӣ аз тариқи тавлиди дохилӣ таъмин шуда аст.

Дар ҳоли ҳозир 16 корхона дар Тоҷикистон ба тавлиди симент машғул ҳастанд, ки зарфияти солонаи онҳо дар маҷмуъ 5.6 миллион тонна маҳсул бароварда шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта беш аз 4.2 миллион тонна симент дар Тоҷикистон тавлид шуд.

Бар асоси омори солона ҳудуди 1.5 миллион тонна аз кулли сименти тавлидӣ ба кишварҳои ҳамсоя содир шуда аст.

 

Барчасп