Апрел 19, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари сафири Тоҷикистон дар Русия ба Санкт-Петербург

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба Санкт-Петербург сафар кард

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода дар сафари худ бо Александр Беглов, фармондори Санкт-Петербург дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни манотиқи Тоҷикистону шаҳри Санкт-Петербург табодули назар карданд.

Сафири Тоҷикистон бар аҳамияти истифода аз зарфиятҳои мавҷӯд барои густаришу тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҷазби сармоягузорӣ таъкид кард.

Роҳҳои афзоиши содироти маҳсӯлоти Тоҷикистон ба бозорҳои шаҳри Санкт-Петербург  ва сармоягузории муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон аз дигар мавзуоти матраҳшуда дар ин дидор буд.

 

Барчасп