Афзоиши ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон
(last modified 2022-04-19T07:18:48+00:00 )
Апрел 19, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 52 миллиондоллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, ин мизон дар муқоиса бо се моҳаи аввали соли гузашта 4 баробар бештар аст. Кишварҳои ҳомӣ, мизони кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро 2.1 баробар афзоиш доданд. Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ, 4.9 тон кумаки башардӯстона аз 44 кишвар дарёфт кардааст дар ҳоле, ки соли гузашта 39 кишвар ҳудӯди 4 тон кумак ба Тоҷикистон ирсол карда буданд.

Аз маҷмӯи кумакҳои башардӯстонаи ирсол шуда ба Тоҷикистон дар январ то марти соли ҷорӣ, ҳудӯди 40 дарсад аз Иёлоти муттаҳида ва 37 дарсад аз Чин будааст.

Арзиши кумакҳои ирсолии Иёлоти муттаҳида 20 миллиондоллар ва аз Чин ҳудӯди 19 миллиондоллар будааст.

Дар миёни кишварҳои ҳомии Тоҷикистон аз назари арзиши кумакҳои башардӯстона ҳам Ҷопон (7.2٪ аз кули ҳазина), Ҳинд (4.8٪), Узбекистон (2. 7٪), Русия (2.1٪), Дания (1.7٪) ва  Туркия дарсадр ҳастанд.

 

Барчасп