Афзоиши ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон
Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 52 миллиондоллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.
Ба гузориши сомонаи Топтҷ, ин мизон дар муқоиса бо се моҳаи аввали соли гузашта 4 баробар бештар аст. Кишварҳои ҳомӣ, мизони кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро 2.1 баробар афзоиш доданд. Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ, 4.9 тон кумаки башардӯстона аз 44 кишвар дарёфт кардааст дар ҳоле, ки соли гузашта 39 кишвар ҳудӯди 4 тон кумак ба Тоҷикистон ирсол карда буданд.
- Афзоиши кумакҳои башардӯстонаи хориҷӣ ба Тоҷикистон
- Кумаки 50 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
- Кумаки ройгони 193 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
Аз маҷмӯи кумакҳои башардӯстонаи ирсол шуда ба Тоҷикистон дар январ то марти соли ҷорӣ, ҳудӯди 40 дарсад аз Иёлоти муттаҳида ва 37 дарсад аз Чин будааст.
Арзиши кумакҳои ирсолии Иёлоти муттаҳида 20 миллиондоллар ва аз Чин ҳудӯди 19 миллиондоллар будааст.
Дар миёни кишварҳои ҳомии Тоҷикистон аз назари арзиши кумакҳои башардӯстона ҳам Ҷопон (7.2٪ аз кули ҳазина), Ҳинд (4.8٪), Узбекистон (2. 7٪), Русия (2.1٪), Дания (1.7٪) ва Туркия дарсадр ҳастанд.