Апрел 19, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мизони содироти Тоҷикистон
    Коҳиши мизони содироти Тоҷикистон

Мизони содироти Тоҷикистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТопТҷ, ин коҳиш ба далели кам шудани мизони содироти сангҳо ва филезоти қиматӣ ба Шветсария аст бар асоси гузориши ожонси омор мизони табодулоти тиҷорати хориҷӣ Тоҷикистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди як миллииарду 677 миллион доллар буд, ки ин мизон дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 6.5 дарсад (117 миллион доллар) коҳиш ёфта аст.

Тарози тиҷори тафовути содирот ва воридоти Тоҷикистон ҳам манфӣ ва ҳудуди 737 миллион доллар эълом шуд.

Бар асоси омори арзиши содироти Тоҷикистон дар се моҳаи нахусти соли ҷорӣ 470 миллион доллар буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 50.5 дарсад муъодили 480 миллион доллар коҳиш дошта аст.

Маҳсулоти маъдании (маводи хом) беш аз 38 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода аст дар ҳоле, ки содироти мансуҷот ва маҳсулоти насоҷи ҳудуди 22 дарсад дар ин давраи коҳиш ёфта аст.

Аммо мизони воридот дар се моҳаи аввали имсол 43 дарсад (363 миллион доллар) нисбат ба январ то марти соли 2021 афзоиш ёфт.

Русия ҳамчунон шарики тиҷории аслии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буд ва ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии дуҷониба дар се моҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 365 миллион доллар (22 дарсади кулли тиҷорат) буда аст.

 

Бештар бихонед: