Апрел 19, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Арабистон дар садади таъсиси маркази логистикӣ
    Тоҷикистон ва Арабистон дар садади таъсиси маркази логистикӣ

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барномаиҳои ин кишвар ва Саъудӣ барои таъсиси макази логистикӣ бо ҳадафи афзоиши мубодилоти тиҷори байни ду кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ дар ҳоли баррасии таъсиси як маркази логистикӣ барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ҳастанд.

Ин мавзуъ дар ҷараёни мулоқоти маҷозии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бандар Алхораиф вазири саноъат ва манобеъи маъдании Арабистони Саъудӣ матраҳ шуд.

Эҷоди чунин марказ боизи афзоиши тиҷорати дуҷонибаи байни ду кишвар аз тариқи арзаи коло хоҳад шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханоне зимни ин дидор хотирнишон кард ин кишвар аз патенсали болол барои тавлиди маҳсулоти маъданӣ, насоҷӣ, ғизоӣ ва доруӣ бархурдор аст.

Гуфта мешавад, ки маркази логистикӣ савдои байни кишварҳоро афзоиш дода, молу маҳсулотро нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ зудтар интиқол медиҳад ва молҳоро маблағгузорӣ  мекунад. 

Барчасп