Апрел 23, 2022 18:41 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар барномаи рушди пойдорро нокофӣ унвон кард
    Эмомалӣ Раҳмон талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар барномаи рушди пойдорро нокофӣ унвон кард

Раиси Ҷумуҳурии Тоҷикистон талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар барномаи рушди пойдорро нокофӣ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханони дар чорумин ҳамоиши кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнусия аз тариқи иртиботи тасвирӣ таъкид кард, ки тағйироти иқлимӣ сабаби кунд шудани иҷрои барномаи таъмини об барои рушди пойдор шуда аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин воқеъият ишора кард, ки дар 10 соли ахир як севум аз ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон, ки 60 дарсад аз захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад коҳиш ёфта аст, ки идомаи ин раванд зиндагии миллионҳо нафарро ба мушкил ру ба ру хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки соли 2025 ба унвони соли ҳифозат аз пиряхҳои табиъӣ дар сатҳи ҷаҳон номгузорӣ шавад.

Ҳамоиши байналмиллалии нақши об дар барномаи рушди пойдор дар рузҳои 6 то 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Барчасп