Апрел 23, 2022 19:28 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи паёми ҳамдардии Раҳбари инқилоб бо хонаводаи шуҳадои террористии Афғонистон
    Иблоғи паёми ҳамдардии Раҳбари инқилоб бо хонаводаи шуҳадои террористии Афғонистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки 90 дарсад аз доруҳои мавриди ниёзи ин кишвар аз хориҷ ворид мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷ ба маблағи 53 миллиону 500 ҳазор доллар анвоъи дору ворид карда аст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл наздик ба 19 миллион доллар бештар мебошад.

Аз дидгоҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мавзуъи стандарт ва кайфияти доруҳо ҳамчунон ба унвони мушклили ҷидди дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Зеро дар пай таҳқиқ аз доруҳои ин кишвар дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 238 навъи дору, ки муддати масрафаш гузашта кашф ва нобуд карда шуда аст.

Мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд, ки дар солҳои ахир маблағгузории давлат барои воридоти дору дар ин кишвар афзоиш ёфта аст.

 

Барчасп