Ноябр 26, 2016 10:16 Asia/Dushanbe
  • Мардум дар навоҳии Тоҷикистон аз 6 то 8 соат барқ доранд

Иттиҳоди масрафкунандагони Тоҷикистон эълом кардааст, ки мардум дар бисёре аз навоҳии ин кишвар дар як шабонарӯз фақат аз 6 то 8 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.

Сомонаи Иттиҳоди масрафкунандагони Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ниҳод аз тариқи тамосҳои худ бо мардум дар манотиқи мухталифи ин кишвар мизони воқеии барқрасониро дар 24 соати ахир, ки бо сармои шадид ҳамроҳ буд, мушаххас кардааст. Бар ин асос, мардум дар навоҳии водии Рашт ва атрофи шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз аз 6 то 24 соат ва дар ин муддат дар вилояти Суғд ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд дар як шабонарӯз аз 5 то 18 соат барқ доштаанд. Дар вилояти Хатлон низ мардуми навоҳии мухталифи ин минтақа ғайр аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз 7 то 24 соат барқ дарёфт кардаанд ва дар вилояти Бадахшон ғайр аз ноҳияи Мурғоб, ки фақат 8 соат барқ дорад, ба соири манотиқ 24 соат барқрасонӣ мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии “Барқи тоҷик” эълом кардааст, ки ба далели коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар ва оғози фасли сармо имкони таъмини комили барқи мавриди ниёз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ӯ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 35-38 миллион киловолт/соат барқ тавлид мешавад, ки ин мизони тавлид барои таъмини барқи 24-соатаи мардум посухгӯ нест.

Дар Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр реҷаи барқрасонӣ дар саросари ин кишвар роҳандозӣ шудааст.

 

Барчасп