Қимати барқ дар Тоҷикистон афзоиш нахоҳад ёфт
Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд дар соли ҷорӣ қимати барқ ва хадамоти шаҳри афзоиш намеёбад.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, дар баёнияи ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст дар соли ҷорӣ қимати барқ, об ва хадамоти дармонӣ афзоиш намёбад.
Ин дар ҳоле аст, ки қимати ҳар киловат соат барқи бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22.2 дирам дар соли 2020 расид.
Мақомоти Тоҷикистон далели афзоиши дубораи қимати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молӣ ва байналмиллалӣ ва минтақаӣ эълом мекунанд.
Онҳо мегӯянд яке аз шароити пардохти қарзи ниҳодҳои молӣ ба Тоҷикистон айфзоиши қимати барқ дар бахшҳои мухталиф аст.
Коршиносон низ муътақиданд, ки бо ихтисоси қарзҳои зиёд ва афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон авзои молии ширкати Барқи Тоҷик беҳбӯд намеёбад.
Ширкати Барқи Тоҷик бо бадеҳии 22 миллиард сомонӣ бадеҳкортарин идораи давлатии Тоҷикистон аст.
Бештар бихонед: