Апрел 24, 2022 17:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи акси Тоҷикистон дар Боку
    Баргузории намоишгоҳи акси Тоҷикистон дар Боку

Намоишгоҳи акс ба уновни Тоҷикистон сарзамини куҳҳо ва рудхонаҳои тиллоӣ дар шаҳри Боку ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломати миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Боку ва ҳамкории муассисаи давлати таърихи ва меъмории ичришаҳри Озарбойҷон намоишгоҳи акси Тоҷикистон сарзамини куҳҳо ва рудхонаҳои тиллоӣ ифтитоҳ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ намояндаги аз гуруҳи дустии байни Парлумони Тоҷикистон ва Озарбойҷон намояндагони Вазорати хориҷаи ва дигар вазоратхонаҳо ва идораҳо раисони намояндагиҳои дипломатии муқими Боку, намояндагони маҳфилҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Озарбойҷон ва расонаҳои маҳалли ҳузур доштанд.

Дар ин маросим Омина Маликова, мудири маркази музеи Ичришаҳр Ойдин Мирзозода, раиси гуруҳи дустии байни Парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва Ризо Дақонӣ акоси машҳур ба унвони меҳмони ифтихори дар ин маросим ҳузур ва суханронӣ карданд.

Рустам Соли сафири Тоҷикистон дар Боку ҳам дар суханони бар аҳамияти баргузории ин намоишгоҳ барои муъаррифи фурсатҳо ва зебойҳои Тоҷикистон ва тақвияти равобити байни Душанбе ва Боку ва мардумони минтақа таъкид ва дар мавриди фарҳангӣ ғани, ҳунар ва саноъати дастии мардуми тоҷик, тавсеаи иқтисод ва зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон суҳбат кард.

Сафири Тоҷикистон дар поёни суханони худ аз ширкаткунандагон даъват кард то ба Тоҷикистон сафар кунанд то аз назидк аз манзараҳои зебои ин кишвар дидан кунанд.

Намоишгоҳи Тоҷикистон сарзамини куҳҳо ва рудхонаҳои таллоӣ то 25 апрел баргузор аст.

 

Барчасп