Апрел 25, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Арабистони Саудӣ шумори квотаҳо барои зойирини тоҷикро муайян кард

Яке аз шартҳои имсола барои зойирин синни на болотар аз 65-сола муқаррар шудааст.

Арабистони Саудӣ имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор квота барои адои маросими ҳаҷ дар соли 2022 ҷудо кард, хабар доданд ба аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон.

  • Шумори квотаҳои ба кишварҳо ҷудошуда дар саҳифаи расмии масҷиди Ҳарамайн Шарифайн дар Facebook бо истинод ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ нашр шудааст.
  • Теъдоди квотаҳо барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 нафар муқаррар шудааст”, - гуфт сухангӯи Кумита Афшин Муқим.
  • Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз то ҳол нарасидани даъвати расмӣ, Кумита ба корҳои омодагӣ ва ба ҳаҷ сафарбар намудани зийирин оғоз мекунад.
  •  

  • “Тавре ки қаблан гуфта будем, имсол рӯйхати нав тартиб дода нашуда, нахуст шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки соли 2019 бар асари маҳдудиятҳои коронавирус ба ҳаҷ рафта натавонистанд.

  •  Лекин ин ҷо як мушкил ҳаст: шумори квотаҳои барои имсол ҷудошуда зиёда аз 3,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, лекин теъдоди нафарони интизор дар рӯйхати аз соли 2019 ба зиёда аз 5 ҳазор нафар баробар аст”, - гуфт сухангӯи Кумита.
  • Зимнан зикр шуд, ки дар он сол ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо шуда буд.
  • “Умедворем, ки ин масъала ҳал мешавад, чунки яке аз шартҳои имсола барои зойирин синни на болотар аз 65-сола муқаррар шудааст, яъне аз рӯйхати соли 2019 онҳо хориҷ карда мешаванд”, - иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дода намешавад, ки дар рӯйхати соли 2019 чанд нафар зойирини ин синнусол ҳастанд.

Инчунин ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки арзиши адои маросими ҳаҷ низ ҳол маълум набуда, ба наздикӣ муайян карда мешавад.