Ибрози умедвории раиси Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон
(last modified Mon, 25 Apr 2022 14:21:45 GMT )
Апрел 25, 2022 19:21 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедвории раиси Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон
    Ибрози умедвории раиси Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард, ки кишвараш барои ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон ҷидди аст ва аломатгузории марзии ду кишвар дар ояндаи наздик анҷом хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии Қирғизистон, Садир Ҷаборов дар мавриди поён додан ба ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт, ки ба наздики ҳал хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, ки тулони шудани мушкилоти аломатгузории марзӣ муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон ва музокироти дуҷониба, ки 30 сол аст идома дорад ба нафъи ҳеҷтарафе нест аз ин ру тарафҳо дар ояндаи наздик бар сари манотиқи мавриди ихтилофи ду кишвар тавофуқ хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари ахираш ба ноҳия Исфара бар зарурияти поён дода ба ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон таъкид карда буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо вуҷуди 30 сол музокира дар бораи аломатгузории марзи 976 километрии муштараки ду кишвар танҳо бар сари таъини хатҳои 520 километр ба тавофуқ расиданд.

Марзҳои заминии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як сол пеш дар пайи даргирии хунини марзбонони ду кишвар ҳамчунон баста боқи мемонад.