Қасди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои роҳандозии парвози мустақим
(last modified Tue, 26 Apr 2022 16:29:46 GMT )
Апрел 26, 2022 21:29 Asia/Dushanbe
  • Қасди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои роҳандозии парвози мустақим
    Қасди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои роҳандозии парвози мустақим

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард парвози мустақими ҳавопаймоӣ мусофирбари дар масири Душанбе-Боку роҳандози мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Таранд, Рустам Солеҳ дар ҳамоиши сиюминсолгарди барқарории равобити дипломатик миёни ду кишвар дар Боку гуфт: Ба зуди парвозҳои муназзами ҳафтагии рафту баргашт дар масири Душанбе-Боку-Душанбе роҳандози хоҳад шуд.

Вай таъкид кард ҳамчунон роҳҳои афзоиши табодулоти тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли барраси аст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Созмони ҳавопайпоӣ кишвари Тоҷикистон эълом карданд пас аз ду сол вақфа ба далели густариши вируси корона талош мекунанд, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе бо Эрон ва Ҳиндустонро ҳам аз сар гиранд.