Коҳиши қобили тавваҷуҳи содироти филизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон
Содироти филизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Ба гузориши “Азия плюс”, содироти филизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар нисбат ба соли гузашта 88 дарсад коҳиш доштааст.
Бар асоси додаҳои Агентии омор, Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 85 миллион доллар филизоту сангҳои қиматӣ ва нимақиматӣ содир кардааст.
Ин рақам 88 дарсад камтар аз муддати мушобеҳ дар соли 2021 аст.
Саҳми филизоти гаронбаҳо дар содироти Тоҷикистон аз 75 дарсад дар муддати мушобеҳи соли гузашта ба 18 дарсад дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин бар асоси гузориши Агентии омор, Тоҷикистон дар ду соли гузашта 1. 6 миллиард доллар филизоти гаронбаҳо содир кардааст, ки 46 дарсад аз кулли содироти ин кишвар буд.
Бештар бихонед:
- Зиёни Тоҷикистон аз содироти филизоти рангӣ ба далели коҳиши қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ
- Русия бояд дар истихроҷи филизоти рангӣ дар Тоҷикистон мушорикат кунад