Хонаи тиҷорати Тоҷикистон дар Эстония таъсис мешавад
Тавсеаи равобити тиҷории дуҷонибаи судманд байни Тоҷикистон ва Эстония дар дидори раиси Ожонси содироти Тоҷикистон ва мудири гурӯҳи ширкатҳои “fes”, ҳамзамон мудир иҷроии ширкати “european dip service”дар ҷумҳурии Эстония мавриду баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳошияи ин нишаст мувофиқатномаи ҳамкорӣ ва фаъолиятҳои муштарак дар заминаи иҷрои сохтори Хонаи тиҷорати Тоҷикистон дар ҷумҳури Эстония ба имзо расид.
Роҳандозии Хонаи тиҷорати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар фурсатеро барои соҳибкорон фароҳам мекунад, то колоҳо ва маҳсулоти худро ба харидорони хориҷӣ ироа диҳанд ва фаъолиятҳои корхонаҳои тавлиди худро тақвият кунанд.
Ин кор ба содироти маҳсулоти дохилӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо кумак мекунад.