Иди Рамазон дар Тоҷикистон 2 май таҷлил мешавад
Апрел 27, 2022 12:39 Asia/Dushanbe
Намози Иди Фитр ид бар асоси қарори Шӯрои уламо рӯзи 2 май соати 6:00 дар тамоми масоҷиди шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Афшини Муқим, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадор шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд.