Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Швейтсария
(last modified Wed, 27 Apr 2022 08:53:20 GMT )
Апрел 27, 2022 13:53 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Швейтсария

Роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария баррасӣ шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо муовини мудири Ожонси ҳамкории иқтисодии Швейтсария (SECO) дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди иҷрои барномаи ҷаҳонии наччоҷиву пӯшок (GTEX), дастовардҳо ва заминаҳои авлавияти ҳамкории бештар баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин Абдураҳмонзода баргузории нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии тарафайн дар соли ҷорӣ барои пайгирии ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии дуҷонибаро пешниҳод кард.

Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории судманди мутақобил бо давлати Швейтсария дар тавсеаи содироту воридоти мансуҷоту пӯшок, фаъолиятҳои кумитаи ҳамоҳангӣ барои тасҳили тиҷорат, барномаи тавсеаи содироти давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 ва транзит дар Тоҷикистон ибрози назар кард.

 

Бештар бихонед: