Апрел 27, 2022 14:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар эҷоди шуғл барои донишомӯхтагони тоҷик

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати иштиғолзоӣ барои донишомӯхтагони мумтоз дар хориҷ аз Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати давлат таъкид кард, ҳамасола 5 ҳазор нафар бар асоси тафоҳумнома бо кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил дар риштаҳои муҳим ба марокизи донишгоҳӣ эъзом мешаванд.

Аммо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди иштиғолзоӣ барои донишомӯхтагони тоҷик дар дохили Тоҷикистонро ғайриқобили тавҷеҳ донист.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, 32 дарсад аз ин афрод дар дохили Тоҷикистон бекор ҳастанд.