Коршиноси сиёсии Тоҷикистон: Роҳи наҷоти Фаластин ваҳдати воқеъии  уммати исломӣ аст
(last modified Wed, 27 Apr 2022 13:05:36 GMT )
Апрел 27, 2022 18:05 Asia/Dushanbe

Коршиноси сиёсии Тоҷикистон танҳо роҳи наҷот ва пирӯзии Фаластин бар режими саҳюнистиро ваҳдат ва ҳамбастагии воқеъии уммати исломӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Талабшо Салом, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон аҳмалияти рӯзи ҷаҳонии Қудсро роҳи наҷот ва пирӯзии Фаластин бар режими саҳюнистӣ ваҳдат ва ҳамбастагии воқеъии уммати исломӣ донисту гуфт: Фурсати он фаро расид то кишварҳои мусалмон дар ҷиҳати ваҳдати воқеъи дар баробари ҷинояти бешумори режими саҳюнистӣ гомҳои амали бардоранд ва иқдом бар озодсозии сарзаминҳои ишғоли ва раҳоӣ миллати Фаластин аз асорати ин режим кунанд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷаҳони Қудс номгузори шуда аст.

Рӯзи ҷумъа 29 фарвардин бароар аст бо 27 рамазони соли 1443 рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.

Талабшо Салом, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд: Кишварҳои муҳими ҷаҳони Ислом бояд дар ин марҳалаи ҳасоси таърихӣ эҳсоси масъулияти бештар кунанд ва бо канор гузоштан ё кам кардани ихтилофти байни худ, иқдом ба бардоштани гомҳои амалӣ барои эҷоди иттиҳоди уммати воҳид кунанд то дар маъалаи Фаластин гушоиши воқеъи ҳосил шавад.