Май 02, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Эрон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши «Ховар», раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ибтидои ин гуфтугӯ иди саиди Фитрро ба якдигар табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи телефонӣ барои миллати дӯсту бародари Эрон сулҳ, субот, беҳрузӣ ва муваффақияти рӯзафзун дар масири пешрафтро орзӯ кард.

Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ин гуфтугӯ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба барои тавсеаву таҳкими мустамари равобити дӯстона байни ду кишварро низ баррасӣ карданд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ бори дигар аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба Эрон даъват кард.

 

Барчасп