Муҷозоти волидайн барои тараддуди фарзандонашон ба марокизи омӯзишӣ бо мошини шахсӣ
(last modified Mon, 02 May 2022 07:21:46 GMT )
Май 02, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти волидайн барои тараддуди фарзандонашон ба марокизи омӯзишӣ бо мошини шахсӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон, муҷозоти падару модар барои ба марокизи омӯзишӣ бидуни доштани гувоҳиномаи ронандагӣ бо мошини шахсӣ рафтани донишҷӯён ва донишомӯзонро сахттар кард.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», Насиба Содиқӣ, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро ташдиди назорат бар рафтори фарзандон аз сӯи волидайн унвон кардааст.

Рустам Латифзода, намояндаи дигари Парлумони Тоҷикистон муътақид аст, ки ин иқдом муҷиби тақвияти рӯҳияи эҳтиром ба ҷомеа, мурооти муқаррароти ҳифзи муҳити зист ва қонунманде хоҳад шуд, ки волидайн муваззаф ҳастанд, дар ин амр ба фарзандони хеш кумак кунанд.

Бар асоси қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазор нафар аз падару модарон барои нақзи ин муқаррарот аз сӯи фарзандони хеш дар додгоҳҳои муҳокима ва ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд.