Қаҳрамонии самбокори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо нишони тилло касб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи самбои Тоҷикистон Разавӣ Навбаҳоров, варзишкори тоҷикистонӣ дар мусобиқоти Амрико "Қаҳрамонии самбои миллии Амрико" дар вазни 79 килограм, ки дар Арлингтуни Тегзоси Иёлати Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, нишони тилло касб кард.
Разавӣ Навбаҳоров 21 сол то кунун бо ҳузур дар чандин мусобиқаи байналмиллалӣ дар риштаҳои самбо ва риштаҳои размӣ, дар мусобиқоти навҷавонон, ҷавонон ва бузургсолон қаҳрамон шуда аст.
Разавӣ дар мусобиқоти байналмиллалии самбои Берлиниёдои 2018 Олмон дар вазни 62 килограм ба нишони тилло даст ёфта буд.
Вай дар соли 2018 дар мусобиқоти ҷаҳонии донишомӯзон дар риштаи самбо дар вазни 57 килограм низ ба медали нуқра расид.