Май 05, 2022 17:32 Asia/Dushanbe
  • Боздиди намояндагони ширкатҳои гардишгарии Узбакистон аз ваилояти Суғди Тоҷикистон
    Боздиди намояндагони ширкатҳои гардишгарии Узбакистон аз ваилояти Суғди Тоҷикистон

Намояндагони ширкатҳои гардишгарии Узбакистон аз маконҳои гардишгарии вилояти Суғди Тоҷикистон боздид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ҳадаф аз ин сафар ошноӣ бо маконҳои тафриҳӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии вилояти Суғд ва тақвияти равобит дар заминаҳои гардишгарӣ аст.

Дар ин боздид, ки аз 5 май оғоз шуда аст ва то 7 май идома дорад меҳмонони узбак аз бозори Панҷшанбе, масҷиди маказии шайх Муслиҳиддин, осоишгоҳи Шифо, Баҳористон, макази омӯзиши Бонки миллӣ, Кохи Арбоб, Маҷмуъаи таърихи ва фарҳангӣ, Қалъаи Хуҷанд, маҷмуъаи таърихии Сари мазор, Панҷакенти бостонӣ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мақбараи устод Рудакӣ ва муҳаватаи бостонии Сарезм боздид хоҳанд кард.

 

Барчасп