Муҷаҳҳаз шудани пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба мошинҳои ҷадиди зиреҳӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i853-Муҷаҳҳаз_шудани_пойгоҳи_201_и_Русия_дар_Тоҷикистон_ба_мошинҳои_ҷадиди_зиреҳӣ
Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон барои нахустин бор аз мошинҳои‌ зиреҳии ҷадид дар размоиш дар вилояти Бадахшон истифода кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 26, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
  • Муҷаҳҳаз шудани пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба мошинҳои ҷадиди зиреҳӣ

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон барои нахустин бор аз мошинҳои‌ зиреҳии ҷадид дар размоиш дар вилояти Бадахшон истифода кард.

Ба иттилои Азия-Плюс, Ярослав Рошупкин, сухангуи ҳавзаи марказии низомии Русия дар ин замина гуфт: Ин мошинҳоизиреҳӣ дар авоили моҳи июн ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Вай афзуд: Ин мошинҳоизиреҳии ҷадид дар муқоиса бо анвои қадимии худ бартарии бисёре дорад батавре, ки дар баробари аҳдофи мутаҳаррики душман вокуниши фаврӣ нишон медиҳанд ва қудрати тупи зидди ҳавоии он низ афзоиш ёфтааст.

Рошупкин гуфт: Ба ҷуз ин мошинҳоизиреҳӣ 400 навъи дигари аслиҳа ва таҷҳизоти ҷадид ба пойгоҳи 201 мунтақил хоҳад шуд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳафт ҳазор нерӯ дорад .