Таъсиси ширкати муштараки дорӯсозии Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Sun, 08 May 2022 04:51:49 GMT )
Май 08, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ширкати муштараки дорӯсозии Тоҷикистону Узбекистон

Тоҷикистону Узбекистон ширкати тавлиди дорӯ таъсис мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин мавзӯъ дар дидори Абдуҷҷабори Раҳмонзода-сафири Тоҷикистон дар Тошканд ва Беҳзод Мусоев-вазири тандурустии Узбекистон баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар ин дидор роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи беҳдошт ва дармон баҳсу табодули назар шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард 90 дарсад аз дорӯҳои мавриди ниёзи кишвар аз хориҷ ворид мешавад.
Таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷ 53 миллиону 500 ҳазор доллар навъҳои гуногуни дорӯ ворид кардааст, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл 19 миллион доллар бештар аст.