Май 09, 2022 09:11 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани ҳафтодуҳафтумин солгарди пирӯзии артиши Шуравии вақт бар Олмони нозиро табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо табрики фаро расидани 9 май - солгарди пирӯзии артиши Шуравӣ бар Олмони фашистӣ, барои мардуми Тоҷикистон орзӯи саломатӣ ва сарбаландӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки 300 ҳазор тоҷикистонӣ, ки 20 дарсад аз ҷамъияти кишвар дар он даврон буд, ба ҷабҳа эъзом шуданд ки 100 ҳазор нафар аз онон ҷони худро аз даст доданд.

Ӯ изофа кард, ҳамчунин мардуми Тоҷикистон бо фидокорӣ ва заҳамоти фаровон ва ирсоли маводи ғизоӣ барои сарбозон дар пирӯзии артиши Шуравӣ бар Олмони нозӣ саҳми босазое доштанд.

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими солгарди пирӯзии Шуравӣ бар Олмони нозӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки 9 майи соли ҷорӣ дар боғи пирӯзии шаҳри Душанбе баргузор шавад, ширкат кунад.

 

Барчасп