Талоши Тоҷикистон барои узвият дар Созмони байналмилалии парвариши ангур
Май 09, 2022 14:05 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон барои узвият дар Созмони байналмилалии парвариши ангур талош мекунад.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Саъдӣ Каримзода ин матлабро дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии истифода аз фанноварии диҷиталӣ дар бахши кишоварзӣ, дар дидор бо мудири кулли Созмони байналмилалии парвариши ангур дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард.
Дар ин дидор роҷеъ ба густариши ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии парвариши ангур баҳсу табодули назар шуд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Инъом Каримов, вазири кишоварзии ҷумҳурии Озарбойҷон низ дидор ва омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи кишоварзии шаҳри Ганҷаро баррасӣ кард.
Бештар бихонед:
- Баррасии далоили афзоиши қимати ангур дар Тоҷикистон
- Номгузории расмии ҷашни себу ангур дар Тоҷикистон ба дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар