Душанбе мизбони ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон
Дар ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон вазъият ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Душанбе ва ба сӯрати ҳузурӣ барпо шуд.
Раёсати ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазорати хориҷаи ин кишвар ва тарафи муқобилро Маттиас Люттенберг, ваколатдори вазорати умӯри хориҷаи Олмон барои ҳамкорӣ бо Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бар ӯҳда доштанд.
Дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карданд.